Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН: «СОЛИ 2024 КИШОВАРЗОНИ САНГВОР БА МАБЛАҒИ 35 МИЛЛИОН СОМОНӢ МАҲСУЛОТ ИСТЕҲСОЛ НАМУДАНД»

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН: «СОЛИ 2024 КИШОВАРЗОНИ САНГВОР БА МАБЛАҒИ 35 МИЛЛИОН СОМОНӢ МАҲСУЛОТ ИСТЕҲСОЛ НАМУДАНД»

Дар шаш моҳи соли 2024 кишоварзони ноҳияи Сангвор ба маблағи 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 7 фоиз зиёд мебошад. Чунин баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 майдони кишти зироат дар умум 4,2 фоиз, аз ҷумла ғалладонагиҳо 32 ва сабзавот 21 фоиз кам шудааст, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

«Роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаро зарур аст, ки дар самти истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯйӣ намоянд», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Барои баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва тақвияти фаъолияти соҳибкории мардум, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва афзоиши пешниҳоди хизматрасониҳо зарур аст, ки дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ




0 комментария к “ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН: «СОЛИ 2024 КИШОВАРЗОНИ САНГВОР БА МАБЛАҒИ 35 МИЛЛИОН СОМОНӢ МАҲСУЛОТ ИСТЕҲСОЛ НАМУДАНД»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон