Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

РИОЯИ ТАЛАБОТИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР АГЕНТИИ ОМОР ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД

РИОЯИ ТАЛАБОТИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР АГЕНТИИ ОМОР ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД

Масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост, ки талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоем. Зеро риояи муқаррароти қонун бо дурӣ ҷӯстан аз таассубу хуруофтопарастӣ ба рушди иқтисоди миллӣ ва некуаҳволии ҷомеа мусоидат мекунад.

  • Ин нуктаро муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина дар ҳамоише, ки 15 август дар Агентии омор доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ доир гардид, иброз намуд.

Ҳамоиш бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Аминов баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки риоя ва эҳтироми ҷашну маросимҳои ниёгон зарур аст, вале он бояд мутобиқи талаби замон доир гардад, то пеши роҳи исрофкорӣ, намоишкорӣ ва зоҳирпарастии беасос гирифта шавад.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ҳам шарҳи қонуни дар шакли нав қабулгардида, фарқияти он нисбати қонуни қаблӣ ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ дар робита ба иҷро накардани қонуни мазкур мебошад.

Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромад дар ҳамоиш иброз дошт, ки мақсади қонуни миллӣ ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, мебошад. Қонун ҳамчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.

Иброз гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки иҷрои қонуни мазкур дар Дастгоҳи марказии Агентии омор ва мақомотҳои маҳаллии омор аз ҷониби тамоми кормандон таъмин гардида, назорати он аз ҷониби Комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад. Тамоми кормандон пеш аз гузаронидани маъракаҳо бо талаботҳои қонун шинос карда шуда, дар дафтари махсуси Комиссияҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Дар охири ҳамоиш байни кормандони Агентӣ ва намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба талаботи қонуни мазкур саволу ҷавоб доир шуд.




0 комментария к “РИОЯИ ТАЛАБОТИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР АГЕНТИИ ОМОР ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон