24.04.24
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо фаъолият ва шароити кории кормандони Раёсати омори ноҳия шинос гардид.
Кормандони Раёсати Агентии омор баъди ворид гардидан ба бинои наву замонавӣ ва таъмин бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ корро дар самти қабули ҳисоботҳо ва робита бо ҳисоботсупорандагон беҳтар намудаанд. Ҳоло дар ин идора 10 нафар мутахассисон фаъолият намуда, вазифаҳои хизматияшонро сари вақт ва бо сифат баррасӣ менамоянд.
Сардори Раёсати омори ноҳияи Рӯдакӣ Низомуддинзода Абдурасул ба Директори Агентӣ гузориш дод, ки мо мутахассисони соҳаи омор пайваста ба ҳисоботсупорандагон ҷиҳати пешниҳоди дурусти маълумот дар натиҷаи тарзи дурусти пур кардани варақаи ҳисоботӣ дар шакли электронӣ бо баргузор намудани вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ машварат медиҳем.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба кормандони Раёсат ҷиҳати пайваста сармашқи кору зиндагӣ қарор додани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чӣ дар Паёмҳо ва чӣ дар вақти сафарҳояшон ба ноҳия, инчунин дар амал татбиқ намудани суханронияшон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дастуру супоришҳои судманд дод.
Ҳамзамон таъкид шуданд, ки бо дасту дили гарм нисбат ба кори фаъолият баҳри пешрафти соҳа ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушду нумуи кишвар ҳиссагузор бошанд.
0 комментария к “ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ОМОРИ РӮДАКӢ”