Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ ЗИНА БА ЗИНА РУШД МЕЁБАД

СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ ЗИНА БА ЗИНА РУШД МЕЁБАД

Дар рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат бахши хусусии соҳибкорӣ нақши созгор дорад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» дар кори рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя такони ҷиддӣ бахшидаанд.

Дар баробари ин шурӯъ аз соли 2007 Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуда, он ҷиҳати таҳкими раванди беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам сохт.


Маҳз роҳандозии чораҳои мушаххас, аз қабили қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, бунёди заминаи мусоид дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиётро дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуд ва он дар соли 2023 -юм 61,7 дарсадро ташкил дод. Агар дар соли 2013 даромади бахши хусусии соҳибкорӣ аз фурӯши маҳсулот 22 миллиарду 023,9 миллион сомонӣ ё 54,3 фоизро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2023 – 80 миллиарду 674,9 миллион сомониро дар бар мегирад.


Имрӯз бо мақсади рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва баррасии мунтазами масъалаҳои соҳа дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис дода шудаанд. Тавре дар боло зикр намудем, ҳоло ҳиссаи бахши хусусӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар зиёда аз 61,7 фоизро ташкил додааст.

Дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба амал омадаанд, барои рушди иқтисодии мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд. Ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад.

  • Аз ин ҷост, ки тибқи маълумоти оморӣ тариқи «Равзанаи ягона» то 1 апрели соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 352 ҳазору 400 адад субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин шумора 318 ҳазору 502 ададашро соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоиз зиёд шудааст.

Аз инҳо 47 ҳазору 39 нафар тибқи патент, 57 ҳазору 989 нафар бо шаҳодатномаи дорои шартҳои махсус, 35 ҳазору 780 нафар бо шаҳодатнома ва 177 ҳазору 694 адад ҳоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Инчунин, ба ҳолати 1 апрели соли 2024 аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 33 ҳазору 489 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар кишвар 409 адад филиал намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1,7 фоиз зиёд аст.




0 комментария к “СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ ЗИНА БА ЗИНА РУШД МЕЁБАД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон