Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамкорони азиз!

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи ҷашни муқаддаси милливу соҳибдавлатӣ – 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи кишвар қарор дорад ва ба ин муносибат ҳамаи шуморо сидқан шодбош мегӯям.

Ин санаи таърихӣ воқеан барои ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ мояи ифтихор аз истиқлол аз соҳибдавлативу доштани кишвари ҳуқуқбунëд аст.

Зеро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлол, тамомияти арзии Тоҷикистон, тақсимнашаванда будан ва дахлнопазирии ҳудуди онро, ки халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд, эълон намудааст.

Ҳамчунин Конститутсия санади муҳими ҳуқуқие мебошад, ки асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқии ҳар кишварро муайян месозад.

Ҳамаи мову шумо хуб медонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки ифодагари иродаи шаҳрвандон ва муносибатҳои солими ҷамъиятӣ буда, дар он тамоми озруву омоли давлатдории чандинҳазорсолаи мардуми тоҷик равшан инъикос гардидаанд. Раъйпурсии қабули Конститутсия дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ сурат гирифта, дар он аз 2 миллиону 685 ҳазору 724 нафар овоздиҳанда, 2 миллиону 535 ҳазору 437 нафар иштирок намуданд ва бо тарафдории 2 миллиону 352 ҳазору 554 нафар, яъне 87,59 дарсади овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Яъне қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар он даврони таърихиву ҳассос иродаи воқеии мардуми мо дар роҳи ватандорӣ ва эъмори ҷомеаи солиму ҳуқуқбунëд буд.

Баъдан бо мақсади ҳифзи сулҳу субот дар кишвар, тақвияти пояҳои давлатдорӣ ва раванди демократикунонии ҷомеа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки тамоми мардуми Тоҷикистон онҳоро дар раъйпурсиҳои минбаъда низ якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамкорони азиз!

Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллати безаволи тоҷик сухан гуфта истода, мо бояд аз хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ëдовар шавем.

Ҳамаи мову шумо хуб медонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз мукаммалтарину беҳтарин қонунҳои асосӣ дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст. Ва ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз миллати сарбаланди тоҷик маҳз бо хиради азалии Пешвои муаззами миллат соҳиб гаштааст. Орзуи ҳазорсолаи давлатдориву давлатсозии тоҷиконро маҳз Пешвои муаззами миллат баъди фурӯпошии давлати шуравӣ ҷомаи амал пӯшонида, баъди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ тамоми аркони давлатдории мутамаддинро тарҳрезӣ ва поягузорӣ намуданд, ки Конститутсия яке аз онҳост.

Дустони азиз!

Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сабт гардидааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» .

Ин ҷумла воқеан шиносномаи миллати мост ва маҳз ҳамин ҳуқуқбунëду демократӣ ва дунявӣ будан боис ба он гардидааст, ки имрӯз кишвари мо зина ба зина ва давра ба давра дар роҳи рушду пешрафт ва тараққиëт ба дастовардҳои аз ҳар нигоҳ арзишманд даст ëбад.

Набояд фаромӯш кард, ки эҳтиром ва риояи қонун ва махсусан муқаррароти конститутсионӣ барои ҳама, сарфи назар аз вазифа ва мақоми иҷтимоӣ амри муҳим ба шумор меравад.

Зеро тибқи моддаи 42-юми Конститутсия ҳар шахсе, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, бояд Конститутсия ва дигар қонунҳоро риоя, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Ҳамкасбони азиз!

Бовар дорам, ки ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаббати моро ба Ватану сарзамин ва масъулияти моро ҷиҳати риояи қонуни асосӣ ва қонунҳои ҷории кишвар бештар намуда, ҷаҳду талоши моро барои ободии Тоҷикистони азиз ва садоқат ба Пешвои муаззами миллат меафзояд.

Ҷашни муқаддаси 30-солагии қабули Конститутсия барои ҳар кадоми Шумо ва дар симои Шумо ба кулли мардуми шарафманди тоҷик муборак бошад!




0 комментария к “ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон