07.03.25
Модарону бонувони гиромӣ!
Ҳамкорони азиз!
Қаблан, ба ифтихори ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш, яъне Рӯзи модар тамоми модарону бонувон ва ҳамаи шуморо аз самими қалб табрик гуфта, бароятон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.
Аслан дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсонӣ сарф менамояд.
Маҳз бо меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ намоянд, онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунанд ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошанд.
Аслан бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад.
Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ, ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.
Ҳар кадоми шумо, модарону хоҳарони гиромӣ, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷгузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед.
Бонувони гиромӣ!
Шоистаи тазаккур аст, ки бо тадбирҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан дар кишвар батадриҷ боло рафт. Натиҷаи ғамхориҳои пайваста аст, ки фаъолнокии занону духтарон дар ҳаёти сиёсии кишвар бештар гардида, имрӯз онҳо дар ин раванд нақши устувореро соҳибанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии мавқеъ ва манзалати зан дар ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат намуда, дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд:
Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки:
Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Аз ҷумла, боиси қайд аст, ки дар рушди соҳаи омор низ, нақши занону бонувон имрӯз хеле назаррас аст.
Айни замон, дар мақомоти омори давлатӣ беш аз 223 нафар занон кору фаъолият намуда, 45,4 фоизи шумораи умумии кормандонро ташкил додаанд, ки 37 нафари онҳо дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба зимма доранд.
Дар ҳақиқат имрӯз занони тоҷик дар зинаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар тамоми давраҳои таърихи миллати тоҷик рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан-модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шумо модарону бонувони азиз ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи модар сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, муҳаббату садоқат, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.
Рӯзи модар муборак бонувони азиз!
0 комментария к “Табрикоти Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Ҷашмшед Нурмаҳмадзода ба муносибати Рӯзи модар”