Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Таҳқиқоти нав беҳтар гардидани вазъи саломатии модарон ва кӯдаконро дар Тоҷикистон нишон медиҳад

Таҳқиқоти нав беҳтар гардидани вазъи саломатии модарон ва кӯдаконро дар Тоҷикистон нишон медиҳад

Душанбе. Тоҷикистон. Аз рӯи натиҷаҳои Таҳқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2017, ки дар соли 2017 гузаронида шуд, беҳтаршавии вазъи саломатии модарон ва кӯдакон ба назар мерасад. ТТДТ 2017 – ин дуюмин ТТД баъд аз соли 2012 дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Натиҷаҳои таҳқиқот аз беҳтаршавии зиндамондани кӯдакон ва саломатии модарон шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон таваллуд ва банақшагирии оилаҳо устувор боқӣ мондааст.

Кӯдакони зиёд дар Тоҷикистон даврони кӯдакияшонро нисбати солҳои пеш бештар мегузаронанд, зеро фавти кӯдакони то 5 сола кам гардидааст. Айни замон фавти кӯдакони то 5 сола 33 фавт ба 1000 таваллуди зиндаро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар соли 2012 – 43 фавт ба 1000 зиндатаваллуд буд. Ин нишон медиҳад, ки аз байни 30 кӯдак 1 нафар то зодрӯзи панҷумаш зинда намемонад.

Ғизогирии кӯдакон низ давоми солҳои охир беҳтар шудааст. Кӯдаконе, ки қадпастӣ доранд, омили асосиаш ин норасоии ҳамешагии ғизо мебошад. ТТДТ 2017 муайян намуд, ки 18%-и кӯдакони синни то 5 сола қадпастӣ доранд. Ин камшавии назаррас нисбати 26 %-и соли 2012 мебошад. Ҳамчунин фоизи кӯдаконе, ки вазни зиёд ё фарбеҳӣ доранд аз 6%-и соли 2012 ба 3% дар соли 2017 расидааст.

Ба аксари занҳо ҳангоми таваллуд ёрӣ расонида мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои ТТДТ дар соли 2017 – 95%-и таваллуд аз ҷониби табибони баландихтисос гузаронида мешавад, ки ҳамин нишондиҳанда дар соли 2012 – 87%-ро ташкил медод. Ба ҳамин монанд, дар муқоиса бо 77%-и соли 2012 ҳоло 88%-и таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ амалӣ мегардад. Яъне 12%-и таваллуди кӯдакон дар хонаводаҳо амалӣ мегардад. Аз се ду ҳиссаи занҳо аз 4 маротиба зиёд ёрии пеш аз таваллуд мегиранд.

Таваллуд ва банақшагирии оилаҳо амалан нисбати соли 2012 бетағйир мондааст. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти соли 2017, коэфисиенти умумии таваллуд ин 3,8 кӯдак ба як зан муайян гардид ва 27%-и занон аз усулҳои замонавии пешгирии ҳомиладоршавӣ истифода менамоянд. 11%-и занони 15-49 сола исқоти ҳамл намудаанд.

Новобаста аз он, ки ТТДТ 2017 пешравиҳоро дар бисёр самтҳо нишон диҳад, боз ҳам мушкилиҳо ба назар мерасанд. Зиёда аз се як ҳиссаи занҳои 15-49 сола аз вазни зиёд ё фарбеҳӣ ранҷ мекашанд, ки ин нисбати соли 2012 зиёд гардидааст. 10%-и занҳо бемории гипертонӣ (фишори баланди хун) доранд, ин нишондиҳанда дар байни занҳои фарбеҳ то 28% зиёд гардидааст. Аз даҳ чаҳор кӯдаки аз 6 то 59 моҳа (42%) ва 41%-и занҳои 15-49 сола дучори бемории камхунӣ (анемия) мебошанд.

ТТДТ 2017 аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ТТДТ 2017-ро Агентии рушди байналмилалии Штатҳои Мутаҳидаи Амрико (USAID) маблағгузорӣ намуд. Маблағгузориҳои иловагӣ аз тарафи Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) ва Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) амалӣ гардид. Ташкилоти байналхалқии молиявӣ(ICF) кӯмаки техникии худро дар доираи Барномаи ТТД, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мегардад ва ёрию кӯмакҳои техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти аҳолӣ ва ҳифзи саломатӣ дар ҳамаи давлатҳои дунё менамояд, расонид.

Маълумоти иловагӣ оид ба ТТДТ 2017-ро метавон аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Бохтар 17, шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт намуд. Телефонҳо: +992-372-23-02-45, почтаи электронӣ: stat@tojikiston.com




0 комментария к “Таҳқиқоти нав беҳтар гардидани вазъи саломатии модарон ва кӯдаконро дар Тоҷикистон нишон медиҳад

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон