10.01.25
Имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбарият ва кормандони Сарраёсат, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори вилоят дар соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар идомаи ҷаласа Директори Агентии омор бо роҳбарони раёсату шуъбаҳои Сарраёсат ва омори шаҳру ноҳияҳо суҳбати ихтисосӣ анҷом дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ибрози назар намуда, иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршударо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар сокини кишвар ва махсусан хизматчиёни давлатӣ унвон намуд.
Директори Агентии омор ба фаъолияти кормандони Сарраёсат ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли сипаришуда баҳои қаноатбахш дода, масъулинро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати маълумотҳо, эътимоднокӣ, ҷамъоварию ҷамъбасти босифату саривақтӣ ва дар ин замина саҳми назаррасу арзанда гузоштан дар рушди омори миллӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
0 комментария к “ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ САРРАЁСАТИ ОМОРИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2024”