Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР АГЕНТИИ ОМОР

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ҳамчун «Рӯзи ҷавонон» таҷлил гардида, ба ин муносибат силсилаи чорабиниву озмунҳои фарҳангиву сиёсӣ ва мусобиқаҳои мухталифи варзиширо баргузор карда мешавад.

Роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида саҳми ҷавонони саодатманди кишварро дар пешрафт ва рушду равнақёбии диёри азизамон арзанда меҳисобад.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида Рӯзи ҷавонон дирӯз дар Агентии омор ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомад муовини Директори Агентӣ Назарзода Зарина ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарор” иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, вазъ ва дурнамо, аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ ва арёзбӣ шуданд.

Муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина таъкид дошт, ки ташкил ва баргузории чорабиниҳои мухталиф дар доираи Моҳвораи ҷавонӣ бори дигар собит месозад, ки дастгирии давлату Ҳукумат, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа басо назаррас аст. Ҷавобан ба чунин ғамхорӣ ҷавононро зарур аст аз худ фаъолнокӣ нишон диҳанд ва дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд.

Дар идома ҷавонони фаъол зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки минбаъд низ барои шукуфоии Ватани маҳбуб тамоми нерӯи зеҳниву ҷисмонии хешро сафарбар намуда, содиқонаву софдилона баҳри пешрафти кишвари азизамон талош хоҳем кард.




0 комментария к “ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон