17.02.25
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Илкер Дастан вохӯрӣ намуд.
Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои асосии ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва ҳамкорӣ дар самти омори тандурустӣ, махсусан хароҷотҳои ба саломатӣ равонагардидаи аҳолӣ, аз рӯи таҳқиқоти буҷаи хонаводаҳо, ҳамзамон оиди ҳамкорӣ ва ҳамгироии Агентии омор бо вазорату идораҳо, махсусан дар самти омори тандурустӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ибрози назар намуд.
Дар робита ба ин, дастгирии техникӣ ва методологии Намояндагии Созмони байналмилалии тандурустӣ дар Тоҷикистон вобаста ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти пешбурди омори тандурустӣ, таҳияи нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) зарур ва муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, дар идомаи мулоқот масъалаи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Созмони байналмилалии тандурустӣ вобаста ба гузаронидани таҳқиқоти тандурустии ҷаҳонӣ (WHS+), ки дар аксари давлатҳои ҷаҳон гузаронида мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии омор лоиҳаи шартнома барои гузаронидани таҳқиқоти мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда, бо назардошти ба инобат гирифтани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул ҳисобида мешавад ва Агентии омор омода аст, ки рӯзҳои наздик онро ба имзо расонад.
Таҳқиқоти тандурустии ҷаҳонӣ (WHS+), яке аз таҳқиқотҳои муҳим ба ҳисоб рафта имкон медиҳад, ки маълумотҳои оморӣ оид ба саломатии модарону кӯдакон, хизматрасониҳои тиббӣ, нишондиҳандаҳои (ҲРУ) ва дигар нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ бо мақсади мониторинг ва арзёбии барнома ва стратегияҳои соҳавӣ, таҳия гардад.
Дар идомаи вохӯрӣ Намояндагии Созмони байналмилалии тандурустӣ дар Тоҷикистон аз пазироӣ ва суҳбатҳои Директори Агентӣ изҳорӣ миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки ташкилоти мазкур барои густариши ҳамкориҳо бо Агентии омор пайваста омода мебошад.
Ҳамзамон оиди баимзорасонии шартнома барои гузаронидани таҳқиқоти тандурустии ҷаҳонӣ (WHS+) миннатдории худро баён намуда, мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, инчунин муҳиммияти онро барои ҷумҳурӣ бори дигар шарҳ дод. Ҷаноби Илкер Дастан иброз намуд, ки барои муайян намудани ҳиссаи ҳароҷотҳои ба саломатӣ нигаронидашудаи аҳолӣ онҳо дар ҳамкорӣ бо Агентии омор таҳлилҳои худро гузаронида истодаанд ва натиҷаҳои пешакӣ низ ба даст омадааст. Инчунин, аз Агентии омор хоҳиш гардид, ки ҳамкориро дар самти таҳияи нишондиҳандаи 3.8.1-и ҲРУ тақвият дода, барои ҷамъоварии маълумотҳо дар якҷоягӣ корбарӣ намоянд.
Роҳбари Намояндагии Созмони тандурустӣ дар Тоҷикистон бори дигар доир ба муҳимияти амалисозии нақшаҳои дар пешистода суханронӣ намуда, махсусан қайд намуд, ки дастрасӣ ба маълумоти васеи оморӣ хело муҳим мебошад ва омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар ин самт изҳор намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкории тарафайн дар самти ҷамъоварии маълумоти омори тандурустӣ дар доираи методология ва стандартҳои байналмилалӣ қарор карданд.
0 комментария к “ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОР БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН”