06.09.24
6 сентябр вохӯрии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари мақомоти омори Ҷумҳурии Муғулистон ҷаноби Батдаваа Батмунх сурат гирифт.
Вохӯрии мазкур дар ҳошияи семинари минтақавӣ оиди “Баландбардории малакаҳои роҳбарикунии омории роҳбарони аввали мақомотҳои омори минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки дар шаҳри Улан-Батори Ҷумҳурии Муғулистон баргузор гардид, анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои оғози ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти омори Муғулистон, табодули таҷриба дар самти ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳнкунии маълумотҳои оморӣ, махсусан маълумотҳои соҳаи кишоварзӣ, фаро гирифтани мутахассисони ду ҷониб барои омӯзиш ва дигар масъалаҳои судманд баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки аз рӯи тартиби муайянгардида ҷиҳати расмӣ намудани ҳамкориҳо ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонанд.
0 комментария к “ВОХӮРИИ ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БО РОҲБАРИ МАҚОМОТИ ОМОРИ МУҒУЛИСТОН”