01.11.24
АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:
Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ
Муовини сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 3803 сомонӣ 8 дирам
Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1554 сомонӣ 40 дирам
Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон
Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2320 сомонӣ 00 дирам
Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист
Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2320 сомонї 00 дирам
Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1890 сомонӣ 80 дирам
Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия
Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1890 сомонӣ 80 дирам
Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ
Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1554 сомонӣ 40 дирам;
Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ
Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1554сомонӣ 40 дирам
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
Ёвари директор – 1 љой, маоши мансабӣ 1798 сомонӣ 43 дирам;
Шуъбаи Агентии омор дар ноҳияи Файзобод:
Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1345 сомонӣ 60 дирам
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш:
Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1239 сомонӣ 60 дирам;
Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгў бошанд:
барои муовини сардори раёсат – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои сармутахассисон – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои мутахассисони пешбар – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);
Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.
Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
– аризаи шахсӣ ба унвони Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷозати иштирок намудан дар озмун;
– варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– 3 дона расми андозаи 3х4;
– пурсишномаи аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида;
– нусхаи њуљљатњо дар бораи тањсилот;
– нусхаи дафтарчаи мењнатї;
– нусхаи шиноснома;
– гувоњномаи андозсупоранда аз маќомоти дахлдор оид ба андоз;
– маълумотномаи тиббї дар бораи вазъи саломатї (шакли 086).
Довталабон метавонанд ба суроѓаи зерин мурољиат намоянд:
734025, ш.Душанбе, кўчаи Бохтар 17,
Тел: 221-57-21; 227-63-24;
Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14 рўз баъди чопи эълон
0 комментария к “Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ ва омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ОЗМУН эълон менамояд”