Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ ва омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ОЗМУН эълон менамояд

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ ва омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ОЗМУН эълон менамояд

АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:


Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ

Муовини сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 3803 сомонӣ 8 дирам

Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1554 сомонӣ 40 дирам

Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон

Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2320 сомонӣ 00 дирам  

Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист   

Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2320 сомонї 00 дирам

Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1890 сомонӣ 80 дирам

 Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия

Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1890 сомонӣ 80 дирам

Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ

Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1554 сомонӣ 40 дирам;

Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ

Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1554сомонӣ 40 дирам

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Ёвари директор – 1 љой, маоши мансабӣ 1798 сомонӣ 43 дирам;

 Шуъбаи Агентии омор дар ноҳияи Файзобод:

Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1345 сомонӣ 60 дирам

Бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш:

Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1239 сомонӣ 60 дирам;


          Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгў бошанд:

барои муовини сардори раёсат – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои сармутахассисон – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисони пешбар – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

          Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

          – аризаи шахсӣ ба унвони Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷозати иштирок намудан дар озмун;

          – варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

          – тарҷумаи ҳол;

          – 3 дона расми андозаи 3х4;

          – пурсишномаи аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида;

          – нусхаи њуљљатњо дар бораи тањсилот;

          – нусхаи дафтарчаи мењнатї;

          – нусхаи шиноснома;

          – гувоњномаи андозсупоранда аз маќомоти дахлдор оид ба андоз;

          – маълумотномаи тиббї дар бораи вазъи саломатї (шакли  086).

Довталабон метавонанд ба суроѓаи зерин мурољиат намоянд:

734025, ш.Душанбе, кўчаи Бохтар 17,

Тел: 221-57-21;  227-63-24;

Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14  рўз  баъди чопи эълон




0 комментария к “Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ ва омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ОЗМУН эълон менамояд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон