Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИМРӮЗ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ИМРӮЗ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз бахшида ба 33-юмим солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии омор ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

  • Дар ҷаласа муовини директори Агентӣ Назарзода Зарина аҳли кормандони агентиро аз номи роҳбарият бо ҷашни муқаддаси давлатӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, бо ба даст овардани истиқлоли комили миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду такомули самтҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа, такмили арзишҳои аслии миллӣ ва суннатҳои маънавии мардуми тоҷик, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва низоми давлатдории кишвар заминаи мусоиди сиёсӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам гардид.

Ҳамзамон зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ обру ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.

Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами умумибашарӣ аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамовозии амиқ пайдо намуданд.

Дар ҷаласа яқ қатор ҷавонон оиди хизматҳои шоёни муҳтарам Пешвои миллат баромад намуда, аз дастовардҳои истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои рушди тарбияи ҷисмонии шаҳрвандонамон заминаҳои хуб муҳайё намудааст.

Бахшида ҷашнҳои миллию давлатӣ пайваста дар тамоми манотиқи кишвар мусибиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд ки кормандони мо дар ин чорабиниҳо фаъолона ширкат варзида, варзишро ҳамчун ифодагари ҳамдиливу ҳамбастагӣ эътироф кардан, изҳор менамоянд.

Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Агентии омор низ мусобиқаҳои варзишӣ ташкил намуд, ки баъди ҷаласаи тантанавӣ кормандон фаъолона иштирок намуданд.




0 комментария к “ИМРӮЗ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон