09.09.24
Имрӯз бахшида ба 33-юмим солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии омор ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ обру ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.
Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами умумибашарӣ аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамовозии амиқ пайдо намуданд.
Дар ҷаласа яқ қатор ҷавонон оиди хизматҳои шоёни муҳтарам Пешвои миллат баромад намуда, аз дастовардҳои истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои рушди тарбияи ҷисмонии шаҳрвандонамон заминаҳои хуб муҳайё намудааст.
Бахшида ҷашнҳои миллию давлатӣ пайваста дар тамоми манотиқи кишвар мусибиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд ки кормандони мо дар ин чорабиниҳо фаъолона ширкат варзида, варзишро ҳамчун ифодагари ҳамдиливу ҳамбастагӣ эътироф кардан, изҳор менамоянд.
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Агентии омор низ мусобиқаҳои варзишӣ ташкил намуд, ки баъди ҷаласаи тантанавӣ кормандон фаъолона иштирок намуданд.
0 комментария к “ИМРӮЗ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД”