07.03.24
7 март дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷамъомад роҳбарият, кормандони Агентӣ ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева иштирок доштанд.
Ҷамъомади идонаро Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, бо таъкид аз фаъолияти пурсамари занону бонувони мақомоти омор ба онҳо Рӯзи Модарро, ки аз омадани зеботарин фасли табиат – баҳори нозанин башорати неку саодатмандӣ медиҳад, самимона таҳният гуфта, саҳми онҳоро дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва беҳбудии сатҳи некуаҳволии мардум арзанда шумориданд.
Дар идомаи ҷамъомад Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева, ҳунарманде, ки дар театру синамо аз ҳама бештар ва зеботар нақши модарро офаридааст, дар бораи қадру қимат ва манзалати Зан-Модар дар ҳама давру замон суханронӣ намуда, ҳамчунин порчаҳо аз нақшҳои дар театр ва синамо офаридаи худро ба ҳозирин пешкаш намуд, ки албатта аз ҷониби аҳли толор хуш пазируфта шуд.
Дар интиҳои ҷамъомад ба занону бонувони мақомот тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуда, ҳамзамон занону бонувони фаъол аз тарафи роҳбарияти Агентӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
0 комментария к “ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР АГЕНТИИ ОМОР”