Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР АГЕНТИИ ОМОР

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР АГЕНТИИ ОМОР

7 март дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомад роҳбарият, кормандони Агентӣ ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева иштирок доштанд.

Ҷамъомади идонаро Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, бо таъкид аз фаъолияти пурсамари занону бонувони мақомоти омор ба онҳо Рӯзи Модарро, ки аз омадани зеботарин фасли табиат – баҳори нозанин башорати неку саодатмандӣ медиҳад, самимона таҳният гуфта, саҳми онҳоро дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва беҳбудии сатҳи некуаҳволии мардум арзанда шумориданд.

  • Ҳамзамон зикр гардид, ки: “Зан – Модар рисолати зебоӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш дошта, кулли зебогиҳо, покизагӣ, фатҳу кушоиш ва меҳру муҳаббат аз дастони муъҷизакораш оғоз мегардад.
  • Аз ин бармеояд, ки Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад”.

Дар идомаи ҷамъомад Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева, ҳунарманде, ки дар театру синамо аз ҳама бештар ва зеботар нақши модарро офаридааст, дар бораи қадру қимат ва манзалати Зан-Модар дар ҳама давру замон суханронӣ намуда, ҳамчунин порчаҳо аз нақшҳои дар театр ва синамо офаридаи худро ба ҳозирин пешкаш намуд, ки албатта аз ҷониби аҳли толор хуш пазируфта шуд.

Дар интиҳои ҷамъомад ба занону бонувони мақомот тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуда, ҳамзамон занону бонувони фаъол аз тарафи роҳбарияти Агентӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.




0 комментария к “ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон